Аз 15 то 18 апрели 2015 сол дар меҳмонхонаи «Три Короны», вилояти Иссиқкӯл доир ба мавзӯи «Рушди ҳамкорӣ байни истеҳсолкунандагон ва коркардкунандагони маҳсулоти меваю сабзавотии водии Фарғона ва ширкатҳои тиҷоратӣ аз Қазоқистон ва Русия» вохӯрӣ барпо мегардад.
Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ хабар доданд, вохӯрии мазкур аз ҷониби гурӯҳи ташкилотҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии австриягии Hilfswerk Austria International дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёт дар Осиёи Марказӣ тавассути пешбарии ташкилотҳои содиротии миёнрав (ТСМ) ва корхонаҳои хурду миёна (КХМ) дар соҳаи саноати хӯрокворӣ», дар доираи барномаи «Осиёи Марказӣ – Инвест III», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мегардад, ташкил карда мешавад.
Ба ташаббуси ташкил кардани вохўрии зикргардида, лоиҳаи минтақавии Барномаи Рушди Созмони милали муттаҳид “Ёрмандӣ ба рушди тиҷорат дар Осиёи Миёна”, ки аз тарафи Ҳукумати Финляндия маблағгузорӣ карда мешавад, ҳамроҳ гардид.
Мақсади вохӯрӣ – таҳияи нақшаи муштараки фаъолият оиди дастрас намудани маҳсулоти тару тоза ва коркардшуда аз водии Фарғона (Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) ба бозорҳои Қазоқистон ва Русия мебошад. Вохӯрӣ барои пешниҳоди маълумот оиди нерӯи содиротии мавҷудаи истифоданабурдаи водии Фарғона барои ширкатҳои тиҷоратии берунмарзӣ, муҳокимаи ҳаҷм, мӯҳлат, шартҳо ва сифати дастрасшавандаи маҳсулоти меваю сабзавотӣ бо арзиши иловашудаи баланд истифода бурда мешавад.
Дар вохӯрии корӣ роҳбарон, моликон, содиргарон, директорон (шахсоне, ки қарор қабул мекунанд) – и ширкатҳои коркардкунанда ва тиҷоратӣ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, намояндагони якчанд лоиҳаҳои оид ба рушд ва Ассотсиатсияи корхонаҳои саноати хӯроквории Қирғизистон (ҳамагӣ тақрибан 40 нафар) ширкат меварзанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста