Рӯзи 30 март раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ директори навтаъиншудаи Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин ҷаноби Эн Джи Сай ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар мулоқот бо А.Қодирӣ роҳбари корхона оид ба фаъолияти кунунии корхона итилоъ дода, ҳамчунин зикр гардид, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхона ва афзун намудани маҷмӯъи маҳсулот аз ҷониби мутахасисони чинӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ мешавад.
Зимни сӯҳбат сохтмони комбинати металлургӣ дар шаҳри Истиқлол низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Комбинати металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дорои иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна сурб ва 50 ҳазор тонна руҳ дар як сол мебошад ва тавре таъкид гардид, корхона авоили соли 2017 ба кор дароварда мешавад.
Алҳол корхонаи коркарди маъданҳои кӯҳии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар шаҳраки Зарнисор фаъолият дорад, ки он бо коркарди аввалияи маъдани руҳ ва сурб машғул аст. Ҳоло дар ин корхона беш аз 1100 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.
Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба роҳбари навтаъиншудаи коргоҳ барои амалӣ гаштани нақшаҳои баён гардида барору комёбӣ хост ва омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои судманд изҳор дошт.
Раиси вилоят дар сӯҳбат таъкид намуд, ки корхона барои ободонии шаҳри Истиқлол, аз ҷумла таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ таъмиру ба истифода додани хобгоҳҳои истиқоматӣ ва ҳамчунин амалӣ намудани лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар шаҳри Истиқлол саҳмгузор аст.
Ҷаноби Эн Джи Сай иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ дар ҳудуди Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин сохтмони корхонаи истеҳсолкунандаи қисмҳои эҳтиётӣ барои таҷҳизоти корхона ва автомобилҳо ва сохтмони корхонаи аккумулятор оғоз мегардад, ки барои ин лоиҳаҳо маблағҳои сармоягузорони давлати Чин равона карда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста