Нахустин роҳнамои айнӣ-иттилоотии Сайри фарҳангии Душанбе таҳия гардид.
Тавре аз Маркази тиҷорати байнулмилалӣ дар ин робита иттилоъ доданд, ин китобча, ки бо забони англисӣ дар торнамои мо дастрас аст, муштаракан аз ҷониби Маркази рушди сайёҳӣ ва Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкории тиҷорат дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, таҳия шудааст.
Китобча маълумоти муфассал, тасвир ва акси осорхонаҳо, театрҳо, галареяҳои санъати тасвирӣ, боғҳо, ва маконҳои дидании шаҳри Душанберо фаро гирифтааст. Муаллифони он, Баҳриддин Исомутдинов ва Абдураҳмон Назирматов, мутмаинанд, ки бо ин роҳнамо як халои иттилоотиро пур карданд, ки дар пажӯҳиши имкониятҳои соҳаи сайёҳии Тоҷикистон, ки МТБ соли гузашта гузаронида буд, яке аз заъфҳои асосии соҳа номида шуда буд.
Ҷаноби Исомутдинов мегӯяд, яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳаи МТБ ин пайванд додани соҳаи сайёҳӣ бо ҳунарҳои дастӣ мебошад. Ӯ мегӯяд: “Ҳар дуи ин соҳаҳо барои иқтисоди Тоҷикистон муҳимманд. Маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, ки бо истифода аз нақшу нигорҳои миллӣ таҳия шудаанд, як навъ рамзи кишвар мебошанд. Нақшу нигорҳо, либосҳои миллӣ, ва рангҳо беҳтар шинохта мешаванд ва обрӯи кишварро боло мебаранд”.
Дар чаҳорчӯбаи ин ибтикор дар моҳи феврал кормандони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ба маконҳои дидании шаҳри Душанбе ва галареяҳои санъати тасвирӣ роҳнамоӣ шуданд, то миёни ду соҳа робита барқарор гардад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста