Чанде қабл раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ директори генералии ширкати ТВЕА – и Ҷумҳурии мардумии Чин Чен Вэй Лин ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, зимни мулоқот ҷонибҳо аз густариши ҳамкориҳои миёни кишварҳои Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ намуда, барои тавсеи равобит изҳори омодагӣ намуданд.
Тавре таъкид гардид, бо ҷалби ширкати ТВЕА дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд маркази гармидиҳӣ бунёд мешавад ва дар ояндаи наздик дар ин замина корҳои таҳқиқотӣ оғоз меёбанд. Дар мулоқот инчунин оид ба дигар намуди соҳаи энергетика, аз ҷумла истеҳсоли энергия аз офтобу шамол низ гуфтугӯ сурат гирифт ва зикр шуд, ки дар ин самт бо истифода аз вазъи хуби иқлмии минтақа метавон самаранок истифода бурд.
Зимни сӯҳбат раиси вилоят изҳор дошт, ки дар арафаи таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ ба бунёди шаҳраки нави Сайҳун дар вилояти Суғд аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузошта шуд. Таъкид гардид, ки алҳол корҳои сохтмонӣ дар ин шаҳраки нав босуръат ҷараён дорад ва ширкатҳои чинӣ метавонанд дар корҳои бунёдкорӣ саҳм бигиранд.
Дар навбати худ директори генералии ширкати ТВЕА – и Ҷумҳурии мардумии Чин Чен Вэй Лин изҳори омодагии ҷонибашро барои тақвияти ҳамкориҳо изҳор дошт. Гуфта шуд, ки ин ширкат дар бунёди биноҳои баландошёна, мактабу варзишгоҳҳо, меҳмонхона ва дигар иншооти иҷтимоӣ дар шаҳри Хуҷанд метавонад саҳмгузор бошад. Ҳайати меҳмонон инчунин аз шаҳраки Сайҳун дидан намуданд.
Бояд гуфт, ки ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар амалисозии як қатор лоиҳаҳо саҳмгузор мебошад, ки хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Ҷануб-Шимол аз ҷумлаи онҳост.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста