Ҳукумати Тоҷикистон ба дастгирии КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) идома дода, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ба ивази онро талаб мекунад.
Раҳбарияти ширкат уҳдадор шуд, ки соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба миқдори 40% афзуда, ба тамоили коҳиши 7-солаи истеҳсолот хотима бахшад.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар », зимни суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 40-солагии ба фаъолият оғоз намудани ТАЛКО рӯзи 1 апрел нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода изҳор намуд, ки тайи солҳои ахир саноати алюминии ҷаҳон ба мушкилоти зиёде дучор аст, дар навбати аввал ба мушкилоти коҳиши нарх ба ин металл. Ӯ қайд кард, ки новобаста аз буҳрони сартосарии молиявию иқтисодӣ дар бештари кишварҳои ҷаҳон бузургтарин корхонаҳои истеҳсоли алюминий аз фаъолият бозмонда, аксари корхонаҳои дигари ин соҳа ба коҳиш додани ҳаҷми истеҳсолот рӯ овардаанд.
Нахуствазири ҷумҳурӣ зикр кард, ки ҳукумат мунтазам ширкатро дастгирӣ намуда, барояш бисёр имтиёзҳо пешниҳод мекунад, вале аз истеҳсоли алюминий дар ҳаҷми 125 ҳазор тонна дар соли гузашта қаноатманд нест. «Мо хостори онем, ки ҳамасола 300-400 ҳазор тонна алюминий истеҳсол шавад», - гуфт ӯ.
Директори идоракунандаи ТАЛКО Абдураҳмон Ҷӯраев ба нахуствазир ваъда дод, ки дар муқоиса бо соли гузашта имсол ҳаҷми истеҳсоли алюминий 50 ҳазор тонна (40%) зиёд гардида, то 175 ҳазор тонна расонида мешавад.
КВД «ТАЛКО» яке бузургтарин корхонаи истеҳсоли алюминий дар паҳнои ИДМ ва ягона чунин корхона дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Расо 40 сол муқаддам дар бузургтарин корхонаи саноатии мамлакат КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» истеҳсоли нахустин хулаҳои алюминий оғоз гардида, ба эҳёи саноати металургии тоҷик асос гузошта шуд. Иқтидори лоиҳавии ТАЛКО истеҳсоли 517 ҳазор тонна алюминий дар як со ласт.
Тавре дар боли зикр кардем, тайи солҳои ахир дар ТАЛКО тамоили коҳиши истеҳсоли алюминий ба мушоҳида мерасад. Ҳамин тариқ, дар ТАЛКО соли 2007 - 419; соли 2008 - 400; соли 2009 - 360; соли 2010 - 348; соли 2011 - ҳудуди 290; соли 2012 - 275; соли 2013 - беш аз 218 ва соли 2014 - ҳудуди 125 ҳазор тонна алюминий истеҳсол шуд.




Абдунабӣ Сатторзода: “Наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам”
Тақрибан 2,8 млн кас дар як сол. Соли гузашта чанд тоҷикистонӣ бо чӣ ҳадаф ба Ӯзбекистон рафтаанд?
Дар пойтахт озмуни "Зебосанами Душанбе - 2026" баргузор мешавад. Чӣ гуна дар он метавон ширкат кард?
Эрон ва Амрико даври “ҷиддитарину беҳтарини музокирот”-ро дар Женева баргузор кардаанд
“Дар буҷет чунин маблағи зиёд надорем...” Раиси вилояти Суғд сабаби ҳал нашудани мушкилоти шаҳраки Сайҳунро шарҳ дод
Даргирии навбатӣ миёни Покистон ва Толибон. Чаро онҳо ба хоки ҳамдигар ҳамла мекунанд?
“Tashkent Grand Slam 2026” имрӯз оғоз мешавад. Тоҷикистонро дар мсобиқот 17 ҷудокор муаррифӣ мекунад
Нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби “С5+1” дар Лондон баргузор шуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 36
Нону гӯшту духтур. Дар Тоҷикистон пули оила бештар барои чӣ сарф мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста