Зимни суханронӣ дар чорабиниҳо ба муносибати 40-солагии таъсисёбии КВД «Ширктаи алюминии тоҷик (ТАЛКО) нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода изҳор намуд, ки ҳукумат масъалаи бунёди бузургтарин Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ) дар кишварро мавриди омӯзиш қарор додааст ва дар бораи сохтмони МБГ бо иқтидори аз 700 то 1000 МВт дар ҷумҳурӣ дастури сарвари давлат мавҷуд аст.
Расулзода қайд кард, ки сохтмони чунин марказ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд, бевосита дар наздикии кони бузургтарини ангишти «Фон Яғноб» дар назар буда, ин кон қаблан ба тавозуни ТАЛКО гузаронида шудааст ва барои фаъолияти МБГ-и оянда ҳамасола истихроҷи то 1,5 млн. тонна ангишт дар ин кон зарур аст.
«ТАЛКО ин марказро бо ангишти кони мазкур таъмин карда метавонад, ки ин як навъи дастгирии молиявии корхона аст. Ҳадафи ҳукумат бошад, ҳарчи беҳтар кардани таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ аст» - афзуд нахуствазир.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста