Ҳудуди 3 ҳазор нафар мансабдорони давлатӣ, тоҷирони муваффақ, сармоягузорон, рӯзноманигорон ва намояндагони аҳли ҷомеа рӯзҳои 2-5 май дар Маҷлиси 48-уми солонаи Шӯрои мудирони Бонки осиёгии рушд (БОР) дар шаҳри Боку гирдиҳам меоянд.
Дар ин маҷлис иштироки ҳайати ҷумҳурӣ бо роҳбарии муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов низ дар назар аст.
Мавзӯи маҷлиси соли 2015 - «Шарикӣ барои рушд» аст, ки муҳимияти сафарбарии захираҳо ва тақвияти шарикӣ миёни БОР, кишварҳо ва дигар шарикони бисёрҷонибаву дуҷонибаро таъкид менамояд.
Дар чорабиниҳои маҷлиси солонаи Шӯрои мудирони БОР масъалаҳои имконоти рушди минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, роҳандозии сиёсатҳои мутобиқ ба муҳити тағйирёбандаи дохиливу беруна ҷиҳати нигоҳдориву таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва коҳиши минаъдаи камбизоатӣ, муҳайё кардани шароити созгор барои рушди бахши давлатӣ-хусусӣ, фарогирии умумии бахши тандурустӣ, баробарии ҳуқуқҳои занону мардон, инноватсияҳо ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти Бонки осиёгии рушд пазируфта шуда, то имрӯз БОР барои Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии ҳудуди 1,3 млрд. доллари ИМА кумакҳо ба сифати қарзу бурс ва ёрии техникиро маъқул шуморидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста