Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картер бо мақсади муҳокимаи рафти татбиқи лоиҳаҳои тавассути бонк дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, нақлиёт ва рушди бахши хусусӣ маблағгузоришуда бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва баҳрабарандагон дар вилояти Суғд аввали ҳафтаи сипаришуда ба ин минтақаи Тоҷикистон ташриф овард.
Аз намояндагии БҶ дар Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки Хонум Виверс-Картер зимни вохӯрӣ бо раҳабрияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо уҳдадориҳои ба зиммагирифтаи Гуруҳи Бонки ҷаҳониро дар самти идомаи дастгирии ислоҳот дар бахши хусусӣ бо мақсади ташкили ҷойҳои корӣ, аз он ҷумла равона намудани диққат ба беҳсозии хизматрасониҳои коммуналӣ ва иҷтимоӣ бори дигар тасдиқ намуд.
Гуфта мешавад, дар қаламрави вилояти ӯ бо ҷараёни лоиҳаҳои маблағгузории сарикасӣ дар соҳаи маориф, беҳсозии хизматрасониҳои тиббӣ, лоиҳаи кӯмаки суроғавии иҷтимоӣ, идоракунии захираҳои оби водии Фарғона, Марҳилаи дуввуми барномаи беҳсозии роҳҳои нақлиётии Осиёи Марказӣ ва дастгирии корхонаҳои хурд ва миёна тавассути қарздиҳӣ шинос шуда, бо мақсади муҳокимаи мушкилот ва имкониятҳои рушд бо донишҷӯёни донишкада ва ташкилотҳои маҳаллии ҷомеаи шаҳрвандӣ вохӯриҳо баргузор намуд.
Дар баррасии масъалаи маблағгузории сарикасӣ, ки бо мусоидати БҶ дар бахши маориф мабалғгузорӣ мешавад, зикр гардид, ки он ба мактабҳо имкон медиҳад, ки дар тақсимоти буҷети худ салоҳияти бештар дошта бошанд ва ислоҳоти мазкур боиси тақсимоти баробар ва шаффофи маблағҳо байни минтақаҳо мегардад. Маблағгузории сарикасӣ барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ соли 2010 дар саросари ҷумҳурӣ пиёда гардид.
Роҳбари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ бо кишоварзоне вохӯрд, ки аз норасоии оби ирригатсионӣ барои заминҳои худ танқисӣ мекашиданд, тавассути таҷдиди инфрасохтори обёрӣ ва заҳбуру заҳкаш дар доираи Лоиҳаи идоракунии захираҳои оби водии Фарғона, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 24,17 млн. доллари ИМА маблағгузоришуда баҳра бурданд. Лоиҳа дар беҳтар намудани обёрии тақрибан 7,349 гектар замин тавассути барқарорсозии дастгоҳҳои обкашӣ, чоҳҳо ва инфрасохтори заҳбуру заҳкашӣ, тозакунии наҳрҳо ва барқарорсозии соҳили онҳо мусоидат намуд. Шумораи умумии баҳрабарандагони лоиҳа 2,134 хоҷагиҳои хонагиро дар ду ноҳия ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, лоиҳа дар ташкил намудани ду Ассотсиатсия истифодабарандагони об кӯмак расонид лоиҳа дар таҳкимбахшии низоми огоҳкунии бармаҳал дар обанбори Қайроққум бо мақсади пешгирӣ намудани обхезиҳо мусоидат намуд.
Сандуқи фаъоли Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 21 лоиҳаро дар бар мегирад, ки маблағи умумии онҳо 283,4 миллион долл.ИМА-ро ташкил медиҳад. Ҳиссаи бузургтарини сандуқ ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд (24 фоиз), баъди он рушди шаҳр ва деҳот (21 фоиз), нақлиёт (16 фоиз), идоракунӣ ва сиёсати иқтисодӣ (9 фоиз), муҳити зист ва захираҳои табиӣ (7 фоиз), маориф (6 фоиз), тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (6 фоиз), обтаъминкунӣ (6 фоиз), бахши хусусӣ (4 фоиз) ва ҳифзи иҷтимои ва меҳнат (1 фоиз) қарор ёфтаанд. Аз соли 1996 инҷониб, Бонки ҷаҳонӣ зиёда аз $1 миллиард доллари ИМА-ро дар шакли грант ва қарзҳои имтиёзнок тавассути Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва захираҳои фондҳои мақсаднок ба Тоҷикистон пешниҳод намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста