Раҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) пешниҳод намуд, ки намояндагони тиҷорат фаъолона ба баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи сармоягузорӣ» ҷалб карда шаванд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, зимни суханронӣ дар кори мизи гирди «Роҳои беҳбуди ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди ҶТ» муовини раиси Палата Манзура Рустамов дар ин робита қайд кардааст, ки сармоягузорӣ таҳрикдиҳандаи афзоиши иқтисод буда, дар стратегияи сармоягузории Тоҷикистон ба лоиҳаҳои марбут ба бунёди истеҳсолоти бо технологияхои навтарини муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир ва таъминкунадаи коркарди амиқи ашёи хоми ҷумҳурӣ, афзоиши имконоти содиротӣ ва муҳайёкунандаи ҷойҳои нави корӣ афзалият дода мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, қабули қонуни ҶТ «Дар бораи Арбитражи байнулмилалии тиҷоратӣ» (18.03.2015 сол) барои ҳифзи сармоягузорӣ ва амалисозии созишномаҳои дуҷониба дар бораи ҳимояи мутақобила ва ҳавасмандсозии сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону дигар кишварҳо шароити мусоид фароҳам меоварад.
«Барои рафъи монеъаҳо ҷиҳати беҳбуди такмили ҷанбаҳои ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар муҳайё кардани шароитҳои мусоид барои рақобати баробар, рушди минбаъдаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ, инкишофи низоми бонкӣ ва андоз бо мақсади ҳалли масъалаҳои маблағгузории ҷараёни сармоягузорӣ зарур аст», - таъкид доштааст муовини раиси ПСС Тоҷикистон.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста