Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим оид ба таҳияи стратегияи рушди саноат дар минтақаи ҷануби кишвар бо роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон машварат баргузор намуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати вилояти Хатлон хабар доданд, имконоти саноатии Хатлон кофӣ буда, вале имрӯз пурра истифода намешавад, ҳарчанд рақамҳои бозгӯи рушданд. Ҳамин тариқ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ корхонаву ташкилотҳои вилоят ба маблағи умумии 984 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 200 млн. сомонӣ зиёдтар аст. Дар ин давра 11 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шудааст.
Зимни машварат зикр гардид, ки дар соҳаи саноати вилоят стратегияи мушаххаси рушд вуҷуд надорад ва аз ин рӯ, он қаноатбахш нест. Масалан, давоми се моҳи аввали имсол 10 корхонаи Кӯлоб умуман ба фаъолият напардохта, 14-тоашон мавсимӣ мебошанд ва ҳарчанд корхонаҳои боқимонда ба маблағи 32 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаву ин рақам нисбат ба нишондиҳанди ҳамин давраи соли гузашта зиёд бошад ҳам, бо ин набояд хотирҷамъ шуд, зеро аз имконоти зиёде истифода нашудааст.
Дар ин маврид аз бахши коркарди пашм мисол оварда шуда, зикр гардид, ки дар кишвар ҳамасола то 8 тонна пашм омода гардида, вале ҳамагӣ ҳудуди 1 тоннаи он коркард мешавад ва боқимонда ашёи хоми пурқимату аз нигоҳи содирот муфид беҳуда талаф меёбад. Айни замон дар самт роҳандозии ҳамкориҳо бо Афғонистон пешбинӣ гардида, ба соҳибкорон тавсия дода шуд, ки дар ин самт кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои машварат санади нақшаи чорабиниҳо дар бахши рушди саноат таҳия гардида, иҷрои он шахсан зери назорати муовини нахуствазир гирифта мешавад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста