Ба ҳолати 1-уми апрели соли 2015 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагии вилояти Суғд саршумори чорвои калон 600,1 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 28,5 ҳазор сар ё 5 фоиз зиёд аст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ҳамин давра саршумори гӯсфанду буз 44,6 ҳазор сар ё 3,3 фоиз ва саршумори мурғ 150,7 ҳазор сар ё 10,9 фоиз афзудааст.
Аз саршумори умумӣ 92,5 фоизи саршумори чорвои калон ва 84,6 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.
Афзоиши саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои ноҳияи Ғончӣ – 18,1 фоиз, Мастчоҳ – 6,8 фоиз, Кӯҳистони Мастчоҳ – 6,2 фоиз, Спитамен – 5,8 фоиз, Панҷакент – 4,9 фоиз, Истаравшан – 4,1 фоизро ташкил додааст.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати кишоварзии вилоят хабар доданд, дар ин давра истеҳсоли гӯшт дар ноҳияи Ашт ба миқдори 27,1%, Конибодом - 15%, Исфара - 1,2%, Бобоҷон Ғафуров - 8,8%, Айнӣ - 6,2%, Шаҳристон - 4,6% ва Мастчоҳ - 3,8% зиёд шуда, ҳаҷми умумии истеҳсоли гӯшт дар вилоят дар семоҳаи аввал 9 ҳазору 555 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,4% зиёд аст.
Семоҳаи аввал истеҳсоли шир дар вилоят дар ноҳияҳои Зафаробод - 9,2%, Ғончӣ - 8,4%, Бобоҷон Ғафуров - 8,1%, Конибодом - 5,6%, Мастчоҳ - 5,3%, Исфара - 3,5%, Айнӣ - 2,9% ва Истравшан - 2% афзуда, дар маҷмӯъ 59355,7 тоннаро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2,6% бештар аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста