Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) иттилоъ медиҳад, ки бинобар сабаби ноустувории вазъи сиёсию-иқтисодии кишварҳои минтақа, номуътадилии бардавоми нархи молу ашёи асосии содиротӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва афзоиши фишорҳои қурбӣ, вазъи иқтисодиёти кишвар дар моҳҳои январ-марти соли 2015 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар сатҳи нисбатан заифтар қарор дошт.
Дар маълумоти интишоршудаи БМТ дар ин робита зикр мегардад, ки дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 8,3 млрд. сомонӣ баробар шуда, рушди воқеии он 5,3 фоизро ташкил намуд. «Коҳиш ёфтани суръати афзоиши ММД-и воқеӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,7 банди фоизӣ, пеш аз ҳама ба паст гардидани унсури талабот дар иқтисоди ҷаҳон ва ноустувории иқтисодиёт дар кишварҳои шарикони асосии савдо, ки аз нимсолаи дуюми соли 2014 инҷониб бештар мушоҳида гардид, вобастагӣ дошт», - таъкид мешавад дар маълумоти БМТ.
Гуфта мешавад, гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-марти соли равон 966 млн. долл. ИМА-ро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 11,8 фоиз кам аст. «Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил 13,7 фоиз ва бо кишварҳои хориҷаи дур 9,8 фоиз коҳиш ёфт ва коҳишёбии мазкур бо назардошти номуътадилии сиёсию иқтисодӣ дар ҷаҳон, коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқолҳои пулӣ ва ба ин васила паст гардидани сатҳи талабот дар бозор алоқамандӣ дошт», - қайд мешавад дар маълумоти Бонки миллӣ.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки сарфи назар аз ин ҳама мушкилоти мавҷуда, ҳаҷми содироти молҳо дар давраи баррасишаванда 214,5 млн. долл. ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 12,7 фоиз зиёд буда, воридоти молҳо бошад, 751,7 млн. долл. ИМА-ро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 16,9 фоиз коҳиш ёфтааст ва дар натиҷа, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ҷамбаст гардида, ба 537,2 млн. долл. ИМА баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,2 фоиз кам мебошад.
«Ин раванд, пеш аз ҳама, дар натиҷаи коҳишёбии талабот ба маҳсулоти воридотӣ, аз ҷумла маводи сохтмон, маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ, маҳсулоти маъданӣ, инчунин нисбатан зиёд гардидани ҳаҷми содирот ва коҳиш ёфтани қурби пули миллӣ ба миён омад», - шарҳ медиҳанд дар БМТ.




"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста