Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) пешгӯиҳои нави рушди иқтисоди ҷаҳон дар солҳои 2015 ва 2016-ро интишор намуд.
Дар гузориши нави ХБА таҳти унвони «Дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳон» дар ин робита зикр мегардад, ки рушди воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон аз 6,7% дар соли 2014 то ба 3% дар соли 2015 поин рафта, соли 2016 4,1%-ро ташкил хоҳад дод.
Мавриди қайд аст, ки ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон беш аз 8 млрд. 310 млн. сомонӣ (ҳудуди 1,4 млрд. $)-ро ташкил дод, ки рушди воқеъӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 1,7 % (аз 7 то 5,3%) камтар аст.
Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) бар ин назаранд , ки афзоиши ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли 2015 то 6% коҳиш меёбад. Коршиносони БҶ тамоили поинравии ҳаҷми афзоиши ММД Тоҷикистонро мутаносибан ба таъсири сустшавии рушди иқтисод дар Русия ва нишондиҳандаҳои паст дар содироти маҳсулоти асосӣ мансуб медонанд.
Таҳлилгарони Бонки осиёгии рушд (БОР) чунин мешуморанд , ки гуногун сохтани навъҳои иқтисод (диверсификатсия) ва роҳандозии ислоҳоти сохторӣ асоси пешгирии омилҳои таъсири манфии беруна ба иқтисоди Тоҷикистон аст.
Зимни муаррифии гузориш дар бораи давраи гузариш ва пешгӯии иқтисодии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Душанбе санаи 9-уми феврали соли ҷорӣ сариқтисодчии бонки мазкур оид ба Осиёи Марказӣ Агрис Прейманис изҳор намуд, ки БАТР коҳиши суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли 2015-ро аз 6,7% дар соли 2014 то ба 4,4% дар соли равон пешгӯӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, мутобиқи пешгӯиҳои нави ХБА, дар муқоиса бо соли 2014 сатҳи таваррум соли равон дар ҷумҳурӣ ду баробар - аз 6,1% дар соли 2014 то ба 12,8% дар соли 2015 меафзояд. Соли 2016 мизони тавррум дар Тоҷикистон дар сатҳи 6,3% пешгӯӣ мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста