Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) бар ин назаранд, ки коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки соли 2014 оғоз гардид, соли равон низ идома меёбад.
Дар гузориши интишоршуда дар сомонаи расмии БҶ дар ин робита зикр мегардад, ки коҳиши рушди иқтисод дар Русия ба аз даст додани ҷойҳои корӣ боис гардида, афтиши қурби рубл даромадҳои воқеъии муҳоҷиронро кам кард, ки ба коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ бо доллари ИМА оварда расонид.
Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ чунин мешуморанд, ки дар натиҷаи ин кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ осеб диданд, ки бештар ба интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия вобастаанд.
Гуфта мешавад, соли 2014 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Украина ба андозаи 27, Ӯзбекистон - 16%, Арманистон - 11% ва Тоҷикистон - 8% коҳиш ёфт.
Дар гузориши Бонк таъкид мешавад, ки Тоҷикистон кишвари аз ҳама бештар вобастаи ҷаҳон ба интиқоли маблағҳои пулӣ аст ва соли 2013 ҳаҷми маблағҳои пулии интиқолёфта 49%-и ММД-и кишварро ташкил дода буд.
Ба гуфтаи сарноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ Кошик Басу, дар Тоҷикистон қариб нисфи истеъмол аз ҳисоби маблағҳои пулии интиқолшуда сурат мегирад.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳои пулӣ дар соли гузашта 3,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ба ҳудуди 45%-и ММД-и кишвар (45,6 млрд. сомонӣ ё худ тақрибан 8,6 млрд. $) баробар аст.
Дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2013 соли 2014 ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон ба андозаи 8,3% ё худ 300 млн. доллари ИМА кам шуд. Соли 2013 ҳаҷми маблағҳои пулии интиқолшуда ба ҷумҳурӣ ҳудуди 4,2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста