Аз 17 апрели соли равон фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ (хусусӣ) дар Тоҷикистон боздошта шуд.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), бо дастури БМТ аз 16 апрели соли равон, бо мақсади таъмини устувории бозори дохилии асъор, суботи қурби сомонӣ ва ҳифзи манфиатҳои муштариёни ташкилотҳои қарзӣ аз 17 апрели соли ҷорӣ сар карда, фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ боздошта мешавад.
Гуфта мешавад, тибқи дастури мазкур ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ уҳдадор карда мешаванд, ки ҳар як амалиёти фурӯши доллари ИМА-и нақдро ба мизоҷон ва ё ба шаҳрвандон бо таври махсус бо дарҷи тамоми мушаххасоти шахсияти онҳо анҷом дода, ба расмият дароранд.
Тибқи маълумоти БМТ, ба санаи 1 апрели соли равон дар қаламрави Тоҷикистон 1 ҳазору 581 адад нуқтаҳои мубодилаи асъор фаъолият доштанд, ки 818 адади он ба шахсони воқеӣ (хусусӣ) ва 763 адади он ба ташкилотҳои гуногуни қарзӣ тааллуқ доштанд.
Аз Бонки миллии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала иттилоъ доданд, ки собиқ кормнадони нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеъӣ метавонанд ба сохтори ташкилотҳои қарзӣ гузашта, минбаъд кори худро идома диҳанд. Дар БМТ бар ин назаранд, ки тавассути ташкилотҳои қарзӣ назорати кори нуқтаҳои мубодилаи асъор осонтар хоҳад шуд.
Ёдрас мекунем, ки БМТ маълумот дода буд , ки бинобар сабаби бетартибиҳо дар нуқтаҳои мубодилаи асъор, Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз 13 март ба фурӯши мустақими асъор ба аҳолӣ хотима бахшида, минбаъдворид кардани асъори иловагӣ ба бозор тариқи бонкҳои тиҷоратӣ сурат мегирад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста