Зимни мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматулозода бо сафири ИМА дар ҶТ хонум Сюзан М.Эллиотт, ки ахири ҳафтаи гузашта доир гардид, вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, ҳангоми мулоқот ҷонибҳо атрофи вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, таъмини суботи макроиқтисодӣ, раванди ислоҳоти иқтисодӣ, ҷараёни мувофиқа ва татбиқ намудани барномаҳои сатҳи минтақавӣ, тақвияти иқтидори содиротӣ, фаъолияти ширкатҳои амрикоӣ дар кишвар, ҷалби сармоягузорӣ, ҳамчунин масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва шуғли аҳолӣ мубодилаи афкор намуданд.
Гуфта мешавад, дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун баён доштанд.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону ИМА каме бештар аз 5,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта қариб ба андозаи 80% камтар аст.
Дар ҳамин ҳол, тӯли чандин сол ИМА яке аз кишварҳои асосии мададрасони Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз ҳаҷми умумии кумаки башардӯстона, ки семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон расонида шудааст, ҳудуди 25% ба ИМА рост меояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста