Бонки Эсхата аз санаи 15-уми апрели соли ҷорӣ фоизи қарзҳои бо доллар пешниҳодшавандаро барои ҳама намуди қарзҳо паст намуд. Қарор аз тарафи Раёсати Бонки Эсхата рӯзҳои наздик қабул карда шуд.
«Қарори мазкур бо мақсади дастгирии мизоҷони бонк, дар марҳилаи душвори буҳрони иқтисодӣ ва ноустувории қурби асъор қабул карда шуд. Дар ин ҳолат, таҳлили амиқ ва имкониятҳои бонк ба назар гирифта шуда, аъзоёни Раесат бо ҳамраъйӣ барои паст кардани фоизҳои солонаи қарзҳои бо доллар пешниҳодшаванда ба миқдори 2% овоз доданд», - қайд кард Раиси Раёсати бонк Хуршед Носиров.
Ҳамин тавр, агар қаблан фоизи қарз барои пахтакорӣ ва коркарди он 24-22% солонаро ташкил мекард, ҳоло бошад фоизи он то 22-20% паст карда шудааст. Фоизи қарзи ипотекӣ низ паст карда шуда, ҳоло 20% солонаро ташкил медиҳад. Қарзи «Манзилӣ» бошад, ки барои таъмир ва сохтани хона пешниҳод гашта фоизаш 26% солона буд, акнун бо 24% солона пешниҳод мегардад.
Қарзҳое, ки дар доираи лоиҳаи иҷтимоӣ-экологӣ барои пармакунии чоҳҳо, сохтани гармхонаҳо ва обёрии қатрагӣ дода мешаванд, акнун 18% солонаро ташкил медиҳад, ки қаблан 22% ро ташкил дода буд.
Бояд қайд намуд, ки самти қарздиҳӣ сол аз сол яке аз самтҳои афзалиятноки Бонки Эсхата ба ҳисоб рафта, мунтазам рушди ин соҳаро пеша намудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста