Ҳукумати Олмон ба геологҳои тоҷик 10 маҷмӯи техникаи компютерии муосири саҳроиро тақдим намуд, ки бо барномаҳои навтарини муосир таъмин мебошанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сариораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон, дар маросими супоридани компютерҳо сафири Олмон дар Тоҷикистон ҷаноби Холгер Грен низ ҳузур доштааст.
Гуфта мешавад, кумаки мазкур дар доираи амалисозии лоиҳаи «Захираҳои табиӣ барои рушди Тоҷикистон», ки дар асоси Ёддошти тафоҳум бо Институти федералии илмҳои геологӣ ва захираҳои табиии Олмон (BGR)13 декабри соли 2011 ба имзо расида буд, сурат гирифтааст.
Зимнан зикр мегардад, ки дар доираи лоиҳаи зикршуда инчунин ба омӯзиш фаро гирифтани мутахассисон дар назар буда, дарсҳои омӯзиширо мутахассисони баландихтиссоси Институти федералии илмҳои геологӣ ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Федеративии Олмон мегузаронанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста