Як ҳайати сершумори соҳибкорони Фаронса рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта ҷиҳати иштирок дар кори нахустин ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Фаронса, ки имрӯз ба кор оғоз мекунад, ба шаҳри Душанбе омад.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, баҳри иштирок дар кори ҳамоиш таҳти раҳбарии муовини раиси Иттиҳодияи соҳибкорони Фаронса MEDEF Филипп Готйе намояндагони 22 ширкати муваффақи Фаронса ба пойтахти Тоҷикистон омадаанд.
Дар кори ҳамоиш аз ҷониби Тоҷикистон намояндагони бахши хусусӣ (беш аз 50 ширкатҳои ватанӣ), Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва дигар сохторҳои манфиатдори давлатӣ ширкат меварзанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистона, ҳайати Фаронса таҳти роҳбарии сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Дидйе Леруа қабл аз ҳамоиш бо роҳбарияти Палата мулоқот ороста, зимни вохӯрӣ масоили рушди робитаҳои дуҷониба ва дурнамои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳо тавассути баргузории чорабиниҳои муштарак баррасӣ шуданд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2014 ҳаҷми умумии муомилоти мол миёни Тоҷикистону Фаронса ҳамагӣ ҳудуди 9 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2013 тақрибан 35% камтар аст. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо наздики 3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста