Пас аз танаффуси 22-сола Тоҷикистон ҳамкорӣ бо ширкатҳои фаронсавӣ дар бахши истеҳсоли алюминийро барқарор карданист.
Тавре аз КВД «Ширкати алюминии тоҷик» хабар доданд, ахири ҳафтаи гузашта намояндагони ширкатҳои фаронсавӣ таҳти роҳбарии муовини раиси MEDEF International Филипп Готйе аз ин корхона боздид намуданд.
Ба ҳайат намояндагони ширкатҳои маъруфе чун ALSTOM, BRL INGTNIRIE, FELJAS ET MASSON, GOLDEN GRUP, MORNO, NORMA CADE ITERNATIONAI, VCGP ва «Аэробус» шомил буданд. Ҳайатро сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҳомидҷон Назаров ҳамроҳӣ кард. Қобили зикр аст, ки тоҷирони фаронсавӣ барои иштирок дар кори нахустин ҳамоиши соҳибкорони ҳарду кишвар ба Тоҷикистон омаданд.
Зимни мулоқот бо раҳбарияти «Талко» Ҳ.Назаров қайд кард, ки сармоягузорони аврупоӣ ба ҳамкорӣ омодаанд, «вале баъди омӯзиши дақиқи самтҳои пешниҳодшудаи ҳамкорӣ иқдоми мушаххас сурат хоҳад гирифт».
«Барои соҳибкорони аврупоӣ вазъи сиёсӣ, муҳити сармоягузорӣ ва таъмини ҳифзи сармоя дар кишвар хеле муҳим аст. Ба мусоид будани чунин шароитҳо дар Тоҷикистон онҳо итминон ҳосил намуданд», - иброз дошт Назаров.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста