Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи CASA-1000, ки дар Истамбул доир гардид, рӯзи 24 апрел як қатор созишномаҳои лоиҳавӣ ба имзо расиданд.
Аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз ҷумла Созишномаи генералӣ ва Созишнома дар бораи хариди нерӯи барқ миёни субъектҳои хоҷагидории Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон, созишномаи бурсӣ ба маблағи 45 млн. доллари ИМА миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) ба имзо расидааст.
Дар кори ин ҷаласа Тоҷикистонро вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, вазири молия Абдусалом Қурбониён, раиси ширкати «Барқи тоҷик» Рустам Раҳматзода ва муовини вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Ҷамшед Шоимов намояндагӣ кардаанд.
Ёдрас мекунем, ки тибқи лоиҳаи CASA-1000 сохтмони хатти интиқоли барқи минтақавӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад.
Дар назар аст, ки нимаи аввали соли ҷорӣ паймонкори кулл барои амалисозии лоиҳа интихоб шуда, корҳои амалисозии лоиҳа бевосита моҳи июни соли равон оғоз шаванд.
Чанд рӯз қабл сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Хю Стенли Филпотт зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов оид ба қарори ҳукумати Британияи Кабир дар масъалаи дастгирии молиявии лоиҳаи минтақавии CASA-1000 маълумот пешниҳод намуд.
Даҳаи сеюми моҳи январи соли ҷорӣ иттилоъ дода будем, ки барои маблағгузорӣ ба амалисозии қисмати Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) дар қаламрави кишвар, мақомоти Тоҷикистон сармоягузоронро дарёфт намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста