Имрӯз, 28 апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дурӯзаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ ба кор шурӯъ кард.
Аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки барои иштирок дар кори ҷаласаи шашуми ин комисссия ҳайати Туркманистон таҳти раҳбарии вазири молияи ин кишвар Муҳаммедгули Муҳаммедов ба Душанбе ташриф овардаанд.
Дар ҷаласаи дурӯза ҳайати Тоҷикистонро вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода роҳбарӣ мекунад. Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа имзои санади дахлдор дар назар аст.
Ёдрас мекунем, ки ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ 21 апрели соли гузашта дар Ашқобод баргузор шуда буд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон беш аз 110 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2013 қариб 8% камтар аст.
Семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Турманистон ҳудуди 25 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 68% зиёдтар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста