Давоми 10 рӯзи аввали баъди манъи фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори хусусӣ (саррофиҳо) дар кишвар, қурби арзи миллии Тоҷикистон нисбати доллари ИМА тақрибан 3% поин рафт.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон(БМТ), қурбҳои миёнаи хариду фурӯши нақди доллари ИМА имрӯз, 28 апрел дар ҷумҳурӣ 6,5000-6,5200 сомонӣ ва дар пойтахт - 6,5200-6,5400 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.
Ёдрас мекунем, ки бо қарори БМТ, аз 17 апрели соли равон фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ (хусусӣ) дар Тоҷикистон боздошта шуд. Қурбҳои миёнаи хариду фурӯши нақди доллари ИМА дар ҷумҳурӣ 6,3300-6,3500 сомониро ташкил дода буданд.
Манъи фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори хусусиро он замон дар БМТ чунин шарҳ дода буданд, ки «ин иқдом ба хотири таъмини устувории бозори дохилии асъори кишвар ва устувории қурби арзи миллӣ роҳандозӣ мешавад».
Дар ҳамин ҳол, собиқ моликони дӯконҳои саррофии хусусӣ ба аз ҷониби БМТ устувор гардонидани қурби асъор тариқи боздошти фаъолияти онҳо сахт шубҳа доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста