Дар ҷаласаи шашуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон ҷараёни амалисозии Барномаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ миёни кишварҳо барои давраи солҳои 2014-2015 баррасӣ шуд.

Зимни ҷаласаеи дурӯза, ки ҳафтаи равон дар шахри Душанбе доир гардид, вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳое чун энергетика, савдо, нақлиёт ва комммуникатсия, кишоварзӣ, саноат ва илм, тандурустӣ, маориф ва ғайра матраҳ гардиданд.

Ҷонибҳо ба масоили роҳандозии тадбирҳо оид гуногуну серсоҳа кардани робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, афзоиши муомилоти содиротиу воридотӣ, тавсеъаи номгӯй ва ҳаҷми молҳо ва хизматгузориҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин самт ташкили намоишгоҳу ярмаркаҳои муштарак, вохӯриҳои доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар ва ҳамчунин табодули мунтазами маълумот дар ин саамтҳоро мувофиқи мақсад донистанд.

Ҳамзамон ба масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла амалисозии лоиҳаи зербиноии муҳими сохтмони роҳи оҳани Туркманистон - Афғонистон - Тоҷикистон - долони нави нақлиётӣ, ки дар маҷмӯъ барои минтақаи аҳамияти стратегӣ дорад, низ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа санади дахлдор ба имзо расид. Аз ҷониби Тоҷикистон ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва аз ҷониби Туркманистон вазири молияи ин кишвар Муҳаммедгулӣ Муҳаммедов буданд.

Ёдрас мекунем, ки ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ 21 апрели соли гузашта дар Ашқобод баргузор шуда буд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон беш аз 110 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2013 қариб 8% камтар аст.

Семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Турманистон ҳудуди 25 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 68% зиёдтар аст.