- Собиқ раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) қурбони мубориза барои тақсими нуфуз миёни гурӯҳҳои муайян дар сохторҳои ҳукумат шуд, - чунин мешуморад як иқтисодчии маъруфи тоҷик, ки табиист бо сабабҳои фаҳмо нахост ному насабаш ифшо шавад.
«Бисёре аз мансабдорони мо беҳад мағруранд ва онҳо шартан ба гурӯҳҳои алоҳида тақсим шудаанд. Тағйири раҳбарияти Бонки миллӣ боз як натиҷаи тақсими нуфуз миёни ин гурӯҳҳо аст», - гуфт коршинос дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс».
Ба андешаи ӯ, бо истифода аз вазъ дар бозори асъори кишвар, гурӯҳҳои муайян ба ҷуз раҳбарияти БМТ, дигар каси гунаҳкорро наёфтанд. «Албатта, таассуфовар аст, ки онҳо иштибоҳи системавӣ (низомӣ) будани инро дарк намекунанд. Бонки миллӣ ба ҳамаи масоли марбут ба асъор посух гуфта наметавонад. Бисёр касон сабабҳои аслии ба вуҷуд омадани чунин вазъ дар бозори асъорро дарк кардан намехоҳанд ва касоне, ки аз он огаҳанд, ба то президент расонидани вазъи воқеъӣ манфиатдор нестанд», - қайд кард иқтисодчӣ.
Коршинос мутмаин аст, ки бо иваз шудани раҳбарияти Бонки миллӣ мушкилот дар бозори асъори кишвар тағйир намеёбад ва «миёни раҳбарияти нави БМТ мо нобиғаеро намебинем, ки моро наҷот диҳад».
Ӯ бар ин назар аст, ки акнун ба Бонки миллӣ амалан роҳбари пасипардагӣ сарварӣ хоҳад кард, ки дар кори бахши бонкии кишвар аз таҷрибаи зиёд бархӯрдор аст ва муддати тӯлонӣ дар ҳукумат фаъолият карда, айни замон роҳбари яке аз бонкҳои тиҷоратии кишвар аст. «То ҷое, ки ман огаҳӣ дорам, ҳамаи бонкирҳои ҷумҳурӣ бо дастгирии ӯ тарбияву ба камол расиданд», - афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4 май Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тамоми раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистонро аз мансаб сабукдӯш кард. Раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов, муовини аввал Ҷамшед Юсуфиён ва ду муовини дигари ӯ низ аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.
Собиқ роҳбари БДА ҶТ «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода раиси нави Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) таъин карда шуд. Собиқ муовини аввали вазири молияи ҶТ Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали раиси БМТ таъин шуд. Ду муовини дигари раиси БМТ то ҳанӯз таъин нашудаанд.
Дар ҳамин ҳол, тақдири минбаъдаи собиқ раҳбарияти БМТ низ то ҳол маълум нест, ҳарчанд дар фармони аз мансаб сабукдӯш шудани А.Ширинов «бо сабаби ба кори дигар гузаштан» зикр ёфта буд. Дар фармони сабукдӯшии муовинонаш бошад, сабаби аз кор озод шуданашон зикр нагардида буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Шахрванд5 май, 2015 13:04
Дуруст кайд кардед, ки сабаби болоравии курби асъори хоричи ба БМТ вобастаги надорад. Гумон карданд, гунахгорро ефтаанд, аммо афсус. Баъди талошхои зиёди Прокуратура бар зидди саррофон БМТ мачбур шуд, ки фаъолияти онхоро бандад. Баъдан прокуратура аз сохторхои хурди карздихи тафтишотро сар кард, ки ин хам вазъи вазнини иктисодиро боз вазнинтар хохад кард. Чунки он хариду фуруши асъорие, ки онхо тарики бонкхои Россия анчом медиханд, ба иктисодиёти кишвар ягон зарар ба чуз андоз аз даромад ва фоида ба буча, дигар чизе намеоранд. Бояд кайд кард, ки асъори хоричи дар кишвар хамчун мол истифода шуда, хариду фуруш карда мешавад ва то вакте ки харидор дораду истехсол не, арзишаш боло рафтан мегирад.