Тоҷикистону Русия тавассути ифтитоҳи намояндагиҳои Хадамотҳои гумрук дар кишварҳои ҳамдигар ба ҳамкориҳои дуҷониба дар ин самт густариш бахшиданианд.
Тавре дар сомонаи расмии ҳукумати Русия дар ин робита итттилоъ дода мешавад, дар ҷаласаи навбатии ҳукумати ин кишвар масъалаи ба президенти Русия пешниҳод шудани имзои Созишнома миёни ҳукуматҳои ҳарду кишвар дар бораи ифтитоҳи намояндагии Хадамоти гумруки Русия дар Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар Русия баррасӣ шудааст.
Гуфта мешавад, дар Созишномаи зикршуда ифтитоҳи намояндагиҳои Хадамотҳои гумруки кишварҳо дар қаламрави ҳамдигар пешбинӣ мешавад.
«Ифтитоҳи намояндагиҳои Хадамоти гумрук ба беҳбуди сатҳи ҳамкориҳои мутақобила, беҳтар риоя шудани қонунгузории гумрук, зудтар ҷараён гирифтани тафтиш ва ошкор шудани қонунвайронкуниҳо дар ин самт, суръатбахшӣ ба ҳамлу нақли маҳсулот миёни кишварҳо ва таъмини ҳисобу китоби дурусти пардохтҳои гумрукӣ мусоидат мекунад», - қайд мешавад дар маълумот.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, соли 2014 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия беш аз 1,2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки тақрибан ба 22%-и ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии кишвар дар соли гузашта баробар аст.
Дар зарфи се моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия 266 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ба 27%-и ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-марти соли равон баробар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста