Вакилони палатаи поёнии ҷумҳурӣ фармони президенти мамлакат дар бораи раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) таъин шудани Ҷамшед Нурмаҳмадзодаро якдилона дастгирӣ карданд.
Дар ҷараёни ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон раиси тозатаъини БМТ ба саволҳои вакилони мардумӣ оид ба тадбирҳои роҳандозишуда дар самти устувор кардани қурби арзи миллӣ (сомонӣ) нисбат ба асъори хориҷӣ ва ҳамчунин қарори собиқи раҳбарияти Бонки миллӣ доир ба қатъи фаъолияти як қатор нуқтаҳои мубодилаи асъор посух гуфт.
Нурмаҳмадзода қайд кард, ки бо қарори раҳбарияти БМТ аз 17 апрели соли равон, дар саросари кишвар фаъолияти 1,5 ҳазор адад нуқтаҳои мубодилаи асъор қатъ гардид, ки 800 адади он ба шахсони воқеъӣ таллуқ доштанд.
Раиси нави БМТ таъкид дошт, ки барои ошкор кардани паҳлӯҳои мусбат ва манфии қарори мазкур барои ӯ вақт лозим аст ва дар ҳамин ҳол, илова намуд, ки айни замон бонкҳои кишвар нуқтаҳои мубодилаи асъори иловагӣ боз мекунанд.
Нурмаҳмадзода ба вакилон итминон дод, ки қурби арзи миллӣ нисбати доллари ИМА тадриҷан устувор мешавад.
Ҳамчунин ӯ зикр кард, ки «тибқи маълумоте, ки БМТ дар ихтиёр дорад, нисбат ба моҳи марти соли ҷорӣ, моҳи апрели соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ аз Русия каме афзудааст», вале аз рақамҳои мушаххас дар ин маврид маълумот надод.
Акс аз радиои Озодӣ




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста