Дар ноҳияи Ҳисор «Рӯзи саҳроӣ»  баргузор гардид,  ки дар он 30 нафар деҳқонону хоҷагидорон аз ноҳияи Ҳисор иштирок доштанд. Ин ҷамъомад аз ҷониби ташкилоти ФАО (Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ) дар ҳамкорӣ бо коперативи ”Сароб” ташкил карда шуд.

Ба иштирокчиён ду қитъаи намоишӣ дар хоҷагии деҳқонии ба номи Абдурауф Юсупови ноҳияи Ҳисор нишон дода шуд, ки дар яктои он гандуми тирамоҳӣ ва дар дигараш ҷави тирамоҳӣ бо тухмипошаки махсус кишт карда шудааст. Бо ин тухмипошаки махсус замин бе шудгор кардан кишт карда мешавад.

«Мақсади асосии баргузор кардани «Рӯзи саҳроӣ» ба деҳқонон ва хоҷагидорон нишон додани фарқияти кишти муқаррарӣ ва усули нави кишти бе шудгор мебошад. Дар кишти муқаррарӣ  замин пешакӣ шудгор карда, ба кишт омода мешавад, ки хароҷот ва вақтро талаб менамояд. Ҳангоми истифодаи усули нави кишти бе шудгор, замин пеш аз кишт коркард карда намешавад ва аз боздоштани харҷи изофагӣ ва самаранок истифодабарии вақт, даромаднокии хоҷагиҳо зиёд мегардад»,  – гуфт Виорел Гутсу, намояндаи ФАО дар Тоҷикистон. 

Иштирокчиён бо варақаҳо ва маводҳои иттиллоотӣ, ки аз тарафи  лоиҳаи «Зироаткории сарфаҷӯёна»  маблағгузорӣ гардид, таъмин карда шуданд. Лоиҳаи мазкур бо буҷаи   $370,000 то моҳи декабри соли 2015 давом мекунад ва дар  ноҳияҳои Ҳисор, Данғара ва Фархор амалӣ мегардад.

Ду омили асосӣ - муҳлати кишт ва истифодаи намӣ, ки  барои заминҳои лалмӣ хело муҳим мебошанд, бо усули нави кишти бе шудгор дар вақти оптималӣ киштро гузаронида ва намиро низ самарок истифода бурдан мумкин аст, ки ҳосилро зиёд мегардонад.

Зироаткории сарфаҷӯёна мувозинати ҳосил, муҳофизати захираҳои табиӣ ва баланд бардоштани даромаднокии хоҷагиҳои хурд буда, кишти бешудгори замин ва боқӣ гузоштани боқимондаҳои растанӣ дар замин бо мақсади баландбардории ҳосилхезии хок аст. Зироаткории сарфаҷӯёна дар солҳои 1960 таҷриба карда шуда, дар амал татбиқ гардидааст ва дар бисёр давлатҳои дунё ба таври васеъ истифода бурда шуда, бо хароҷоти кам ҳосили хубро ба вуҷуд меорад ва дар заминҳои хушк ва ё хоҷагиҳои камдаромад бартарии зиёд дорад.