Вазорати энергетика ва саноати Қирғизистон ният дорад, ки дар ҷараёни марҳилаи дуюми гуфтушунидҳо бо мақомоти энергетикии Тоҷикистон масъалаи марбут ба содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистонро ҳаллу фасл намояд.

Бино ба иттилои ВАО-и Қирғизистон , вазири энергетика ва саноати ин кишвар Кубаничбек Турдибоев зимни нишасти хабарии рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар Бишкек дар ин робита изҳор намудааст, ки Қирғизистон ҳамаи самтҳои воридоти барқро баррасӣ дорад, аз ҷумла аз Қазоқистон, Туркманистон ва Тоҷикистон.

«Бо Тоҷикистон марҳилаи якуми гуфтушунидҳо дар ин бора баргузор шуд, вале масъалаи арзиши нерӯи барқ ҳалли худро пайдо накард. Дар марҳилаи дуюм ният дорем, ки ин масъаларо ҳаллу фасл кунем», - гуфтааст вазири қирғиз.

Қобли зикр аст, ки дар марҳилаи аввали гуфтушунидҳо дар ин хусус Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаи муайян кардани арзиши содироти нерӯи барқи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя дар мавсими тобистони соли равон ба мувофиқа нарасиданд.

Тибқи маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», дар мавсими тобистони соли гузашта аз Тоҷикистон ба Қирғизистон бо нархи 2 сент барои 1 кВт/соат 226,7 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол гардида буд.

Дар ҳамин ҳол, аз моҳи июни соли гузашта арзиши 1 кВт/соат нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон 12,6 дирам (бо қурби ҳозира беш аз 2 сент) муқаррар шудааст. Тарифҳо барои истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ дар ҷумҳурӣ 30,6 дирам (ҳудуди 5 сент) ва тарифи миёна дар кишвар беш аз 2,2 сент (барои 1 кВт/соат)-ро ташкил медиҳад.