Кишти пунбадона дар Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист. То имрӯз дар майдони беш аз 90%-и барои кишти ин зироат пешбинишуда кишти он ба итмом расидааст.
Аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ба аввали моҳи майи соли равон аз майдони умумии 179,2 ҳазор гектари барои кишти пунадона дар ҷумҳурӣ пешбинӣ шуда дар зиёда аз 162,1 ҳазор гектараш кишти ин зироат ба анҷом расидааст, ки 90,4%-и нақшаро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар вилояти Хатлон дар майдони 116 ҳазор (97,5%), Суғд - 41,6 ҳазор (77%) ва навоҳии тобеи марказ - ҳудуди 3,5 ҳазор гектар (47%) пунбадона кишт шудааст.
Қобили зикр аст, ки маъракаи кишти пунбадона дар Тоҷикистон нимаи моҳи март оғоз гардида, то нимаи моҳи май идома меёбад. Кишоварзони тоҷик имсол дар ҳаҷми тақрибан 400 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оварданианд.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон пунбадона дар майдони ҳудуди 178 ҳазор гектар кишт шуда, наздики 390 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2026
"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста