Дар толори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Гуруҳи корӣ оид ба рушди соҳибкории занон доир гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, дар ҷаласа аъзои Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ аз ҷумла занони соҳибкори ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар дастгирии фаъолияти гуруҳи корӣ оид ба рушди соҳибкории занон Бонки Аврупо Таҷдид ва Рушд ва дигар шарикони рушд саҳмгузор ҳастанд.
Ҷаласаро Роҳбари Гурӯҳи корӣ, Муовини Раиси Кумитаи Давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Нигина Анварӣ ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Гуруҳи корӣ оид ба рушди соҳибкории занон дар назди Кумитаи Давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи банди 30-и Нақшаи чорабиниҳои марҳилаи дуюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ва боби сеюми Стратегияи миллии фаъолигардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 таъсис дода шудааст.
Мақсадҳои асосии таъсиси Гуруҳи корӣ рушди соҳибкорӣ миёни занон ба воситаи тақвият бахшидани механизмҳои ҳамкорӣ байни давлату бахши хусусӣ ва таъмини муколамаи озоди мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати масъалаҳои рушди соҳибкории занон дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Вобаста ба масъалаи якуми рузномаи ҷаласа Мудири шуъбаи гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Акобирова Ҷавоҳир бо муаррифнома баромад карданд. Мавсуф оид ба бахши сеюми Стратегияи миллии фаъолгаргардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, ки ба дасгирии рушди фаъолияти соҳибкории занон бахшида шудааст, ва корҳои анҷомдодашуда дар ин самт аз тарафи Кумитаи кор бо занон ва оила маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Вобаста ба масъалаи дуюми рузномаи ҷаласа лоиҳаи Дастури Гуруҳи корӣ ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Гуруҳи корӣ оид ба дастгирии фаъолияти занони соҳибкор аз тарафи коршиноси БАТР оид ба масъалаҳои гендерии Таҳмина Ҳакимова-Риз – аъзои котиботи Гуруҳи корӣ муаррифӣ карда шуд.
Нисбат ба мушкилоти рушди соҳибкории занон ва самтҳои фаъолияти Гуруҳи корӣ ҷиҳати баррасӣ ва ҳалли онҳо аз тарафи намояндагони бахши хусусию шарикони рушд, аз ҷумла Раиси Федератсияи гуруҳи занони соҳибкори “Карасу” –Ойматова З., Роҳбари ташкилоти ѓайридавлатӣ “Зан ва Замин” - Мамадалиева М., Директори минтақавии ширкати “Деллойт” –Атобек Г., Директори ширкати “Имкон Консалтинг” - Самадова З., Роҳбари ширкати “Реал-Д” - Уроқова С., ҷонишини Директори генералии Ассотсиатсияи занҳои соҳибкори Тоҷикистон - Мирзобаҳодурова М., Намояндаи дафтари Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон (IFC) –Нурматова М., Мушовир оид ба занони пешбари иқтисодии “ОКСФАМ” - Саидова М., Менеджери минтақавии барномавии рушди бахши хусусии Вазорати Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ (DFID)- Раҳимова Ш., Намояндаи Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид оид ба корҳои занҳо (UN-Women) - Мирзоева В. мулоҳизарониҳо ва табодули афкор сурат гирифт.
Натиҷаи муҳокимаҳо ҷамъбаст гардида, қарорҳои мувофиқ қабул карда шуданд.
Дар хотима ба ҳамаи аъзоён бори дигар барои иштироки фаъол ва пешниҳоду тавсияҳои муфид миннатдорӣ баён гардида, итминон карда шуд, ки намояндагони дахлдори мақомоти давлатӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ ҷиҳати дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон саҳми назаррас хоҳанд гузошт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста