Намояндаи ИМА дар Оҷонсиҳои озуқаворӣ ва кишоварзӣ СММ дар Рум сафир Дэвид Лейн санаи 11-уми май ба Тоҷикистон ташриф овард. Ин сафари ӯ то 16 майи соли равон идома меёбад.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар ҶТ иттилоъ доданд, дар якҷоягӣ бо cафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт, сафир Лейн аз ҷамоатҳои деҳот бо мақсади арзёбӣ намудани ҳамкории ташкилотҳои озуқаворӣ ва кишоварзии ИМА ва СММ ҷиҳати дастгирии деҳқонон, намояндагони соҳаи тиҷорат ва ҳукумат, ки барои беҳтар намудани сатҳи амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон равона шудаанд, дидан хоҳанд кард.
Сафир Лейнро панҷ нафар рӯзноманигорон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Арманистон, Гурҷистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамроҳӣ менамоянд. Онҳо аз лоиҳаҳои мухталиф, ки таҳти дастгирии Ҳукумати ИМА, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (FAO), Барномаи озуқавории ҷахонӣ (WFP) ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) амалӣ мегарданд, дидан хоҳанд кард.
Барномаҳои мазкур ташабуси Ҳукумати ИМА“Озуқаворӣ ба хотири оянда”, ки таҳти роҳбарии Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ва дигар барномаҳо, ки барои ислоҳоти замин, идоракунии босамари захираҳои об, таъмини кӯдак бо ғизои босифат ва саломатии модарон равона шудаанд, дарбар мегиранд. Инчунин барномаҳои озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар самти ассотсиатсияи зотпарварӣ, хоҷагии тухмипарварӣ ва беҳтар намудани маҳсулоти боғдорӣ; барномаҳои WFP, оид ба дастгирӣ намудани таботати норасоии шадиди ғизо, таъмини хӯрока барои мактаббачагон ва ҷомеаҳо дар сохтмони хати таъмини оби ошомиданӣ низ ба онҳо шомиланд.
Ҳамчунин, гурӯҳ аз барномаҳои IFAD, ки ба ҷамоатҳо дар равона кардани захираҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамояд, дидан мекунад. Чунин барномаҳо ба ташкилоти деҳот дар харид намудани таҷҳизот, идора кардани чарогоҳҳои маҳаллӣ ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти чорво имконият медиҳанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста