Рӯзи 11 майи соли 2015 дар шаҳри Брюссел вохӯрии сафир Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо директори иҷроияи Агентии Валлония оид ба савдои беруна ва сармоягузории хориҷӣ “AWEX” Паскал Делкомминет баргузор гардид. 

Тавре аз сафорати ҶТ дар Белгия хабар доданд, зимни сӯҳбат масоили ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия, бахусус бо вилояти Валлонияи он муҳокима шуда, сафири Тоҷикистон ба мусоҳибаш оид ба вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар, чораҳои ҳукумат ҷиҳати беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин соҳаҳои авлавиятноки иқтисодиёти миллии мавриди ҳавасмандии сармоягузорон ва доираҳои соҳибкории хориҷӣ маълумоти муфассал дод. Ҳамзамон, ба намояндаи баландпояи Агентии “AWEX” маводҳои иттилоотӣ оид ба имконоти сармоягузории Тоҷикистон супорида шуданд.

Гуфта мешавад, Р.Солиев ҳамчунин изҳори умедворӣ намуд, ки ҷониби Белгия якҷоя бо ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи иқтидори бузурги истифоданошудаи ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ чораҳои муштарак хоҳад андешид. Дар ин робита, нақши афзалиятноки аъзогии ҷумҳурӣ дар Созмони умумиҷаҳонии савдо, ки ба либерализатсияи қонунгузории миллии марбут ба савдои беруна, сармоягузорӣ ва коҳиши боҷҳои гумрукӣ мусоидат кардааст, таъкид гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар навбати худ, Директори иҷроияи “AWEX” соҳаҳои авлавиятноки рушди муносиботи тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва иқдомҳои босамарро оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорони хориҷӣ мусбат арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати ҷонноксозии ҳамкорӣ бо Тоҷикистон иброз дошт.

Зимнан зикр мегардад, ки Агентии “AWEX” муассисаи давлатии Шоҳигарии Белгия буда, ҷиҳати пешбурди маҳсулот ва хизматрасонии вилояти Валлония дар хориҷа ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ вазифадор аст.