Бонки осиёгии рушд Бонки Эсхатаро ҳамчун «Беҳтарин бонки ҳамкор оид ба тиҷорати молиявӣ» эътироф кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки Эсхата, маросими расмии мукофотсупорӣ дар Сингапур дар вохӯрии ҳамасолаи Палатаи савдо ва саноат(ICC) доир гардида, мукофот ба раиси Раёсати бонк Носиров Хуршед Диловарович супорида шуд.
Гуфта мешавад, конфронси мазкур барои иштироки Бонки Эхсата дар гуфтушунидҳо ва мусоҳибаҳо оид ба тиҷорати молиявӣ маҳз дар замони бӯҳрони молиявӣ имконияти хуб фароҳам овард.
Яке аз иштирокчиени конфронс, сардори шӯъбаи муносибатҳои байналхалқӣ Далер Содиқов иброз доштааст, ки «маҳз ба туфайли вохӯрии мазкур иштирокчиён бо фаъолияти дигар бонкҳои Осиёи Ҷанубӣ дар самти тиҷорати молиявӣ шинос гардида, аз таҷрибаи онҳо бардошти зиёде карданд.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи барномаи конфронс ҳамчунин гуфтушунидҳои дуҷониба доир гардида, дар он иштирокчиён табодули таҷриба ва дар бораи ҳамкории судманду дарозмӯҳлат ба мувофиқа расиданд.
«Мо боварӣ дорем, ки ин гуна вохӯриҳо дар рушди муносибатҳои самарабахш бо бонкҳои ҳамкори Осиёи Ҷанубӣ саҳифаи нав кушода, пеш аз ҳама дар оянда барои васеъ шудани ҳамкориҳои дуҷониба имконият медиҳад», - қайд намудааст Далер Содиқов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста