Таҳлилгарони Бонки осиёгии рушд (БОР) вобастагии зиёди Тоҷикистон ба интиқоли маблағҳои пулӣ аз хориҷи кишвар ва содироти чанде аз молҳоро қайд намуда, изҳор мекунанд, ки вазъи шиддатноки геополитикӣ дар ҷаҳон осебпазирии Тоҷикистон ба омилҳои берунаро тақвият мебахшад.

Дар гузориши нави БОР Asian Development Outlook 2015 гуфта мешавад, коҳиши ҳаҷми интиқоли малағҳои пулӣ ва ҳамчунин кам шудани содироти молҳои асосии кишвар - алюминий ва нахи пахта рушди иқтисоди кишвар дар соли гузаштаро то ба 6,7% (соли 2013 - 7,4%) поин бурданд.

Коршиносони БОР таъкид месозанд, ки  коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба ҷумҳурӣ дар соли 2015 яқинан идома меёбад, зеро қоидаҳои нави Русия дар бахши муҳоҷират, супурдани имтиҳони забони русӣ ва таърихи Русия ва гузаштани муоинаи тиббиро аз муҳоҷирон талаб мекунанд, ки арзиши он барои ҳар як муҳоҷир ҳудуди 500 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар гузориш пешгӯӣ мешавад, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2015 дар робита ба поинравии суръати рушди иқтисод дар Русия то ба 4% поин рафта, соли 2016 дар баробари баъзе беҳбудиҳо дар иқтисоди Русия рушди он то ба 4,8% мерасад.

Муалллифони гузориш бар ин назаранд, ки ба рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли оянда ҳамчунин оғози амалисозии лоиҳаи сохтмони лӯлаи гази фаромарзии Осиёи Марказӣ - Чин дар соли равон низ мусоидат мекунад.

Ба сифати боз яке аз омилҳои рушди иқтисоди Тоҷикистон  дар соли 2016 таҳлилгарони БОР болоравии музди меҳнати кормандони буҷет ба андозаи 25% ва афзоиши хароҷоти иҷтимоиро далел меоранд, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ сурат мегирад.

Ҳамчунин дар гузориши бонк қайд мешавад, ки «мизони таваррум дар соли 2015 то 10,0% ё зиёда аз он меафзояд, зеро беқурбшавии арзи миллӣ ба болоравии нархи молҳои  воридотии мавриди ниёзи мардум боис мегардад.

Тибқи пешгӯии таҳлилгарони БОР, соли 2015 ҳаҷми афзоиши содироти молҳо 14% (то 1,6 млрд. $) ва соли 2016 - 13% (то 1,8 млрд. $)-ро ташкил дода, соли 2015 ҳаҷми воридот то 16% (то 4,8 млрд. $) коҳиш ёфта, соли 2016 ба миқдори 6% (то 5,1 млрд. $) барқарор мешавад.