Коршиносони байнулмилалӣ аз мақомоти назорат ва танзими бозори асъори Тоҷикистон даъват мекунанд, ки дар ин самт аз фишорҳои маъмурӣ даст кашанд ва бар ин назаранд, ки чунин амалҳо ба рушди бозори пасипардагӣ боис мегардад.
«Амалҳои ғайриинтизор ва манъкуниҳои Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва ҳамчунин таҳдидҳои мақомоти прокуратура дарвоқеъ ҳам метавонанд ба рушди бозори хариду фурӯши пасипардагии асъори хориҷӣ оварда расонанд», - баён мегардад дар «Гузориши иқтисоди Тоҷикистон», ки бори навбатӣ аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) интишор шуд.
Дар гузориш қайд мешавад, ки БМТ бо қарори худ аз 16 апрел фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори хусусиро боздошта, танҳо ба нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ иҷозати кор дода шуд.
«Ҳамин тариқ, муддати як шабонарӯз аз 1581 нуқтаҳои мубодилаи асъор фаъолияти 818-тоаш қатъ гардида, нимаи дуюми моҳи апрел чанде аз ин нуқтаҳо ҳуҷҷатҳои худро аз нав ба қайд гирифтанд ва ҳамчун воҳиди ташкилотҳои қарзӣ дубора ба фаъолият шурӯъ намуданд. БМТ изҳор дошт, ки ҳадаф аз ин иқдом таҳкими устувории бозори асъор ва ба эътидол овардани қурби арзи миллӣ аст», - таъкид месозанд муаллифони гузориш.
Ҳамчунин дар гузориш ба изҳороти Прокуратураи генералӣ дар бораи фаъолият дар бозори асъор ва огаҳӣ аз оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати қонуншиканон дар самти муомилот бо асъори хориҷӣ низ ишора мешавад.
«Сарфи назар аз фишори маъмурӣ дар бозори асъор, моҳи апрели соли 2015 қурби арзи миллӣ (сомонӣ) нисбати доллари ИМА ба андозаи 7% поин рафт», - илова мешавад дар гузориши GIZ.




Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Дар Русия мехоҳанд намозхонӣ дар бинову иншооти ғайриистиқоматиро манъ кунанд
Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия..."
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста