Мовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи 4-уми Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯроквориро баргузор намуд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , дар ҷараёни ҷаласа зикр гардидааст, ки дар доираи Нақшаи гурўҳҳои кории соҳавӣ аз ҷониби вазорату сохторҳои масъул корҳои муайян иҷро гардида, Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо ба тасвиб расид.
Гуфта мешавад, ҳамчунин дар ҷаласа оид ба як зумра корҳои анҷомдодаи вазорату идораҳои марбута дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳо, аз ҷумла оид ба роҳҳои беҳтар намудани ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти ҶТ, доир ба роҳҳои беҳтар намудани бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ дар Тоҷикистон ва тадбирҳои баланд бардоштани маърифати истеъмолкунандагон дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ маълумот дода шуд.
Ба иттилои манбаъ, оид ба масъалаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растанӣ зикр шудааст, ки дар чор моҳи аввали соли 2015 ба Тоҷикистон аз дигар давлатҳо ба миқдори зиёд маҳсулоти гуногуни таҳти карантин қарор дошта ворид шуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки муовини сарвазир барои тақвияти фаъолияти сохторҳои дахлдор дар самти таъмини ҳолати санитарию эпидемиологӣ ва ҳифзи бозори дохилии кишвар аз воридоти маҳсулоти хўрокворӣ бехатарияш таъминнабуда, масъулини дахлдорро вазифадор намуда, иҷрои ҳатмии нақшаи кории таҳияшударо тақозо кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста