- Пешниҳодҳои Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) дар «Гузориши иқтисоди Тоҷикистон» дар моҳи апрел дар бораи бозбинии нишондиҳандаҳои буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015 комилан мантиқиву асосноканд, - изҳор дошт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» олими бахши иқтисод, собиқ узви ҳукумат ва собиқ вакили парлумони ҷумҳурӣ Холмаҳмад Азимов.
Коршинос ба далелҳои ҷониби Олмон оид ба зарурати бозбинии нишондиҳандаҳои буҷети давлатии Тоҷикистон дар робита ба поинравии рушди иқтисодли кишвар, ки ба ҷуз мақомоти давлатии ҷумҳурӣ, бисёре аз созмонҳои байнулмилалӣ ва минтақавӣ онро эътироф намуданд, розӣ шуд.
«Тибқи ҳисобу китоби ман, қурби харидории арзи миллии Тоҷикистон - сомонӣ дар муқоиса бо моҳи декбари соли гузашта ба андозаи 45-5- фоиз коҳиш ёфт, қурби сомонӣ нисбати бисёре аз асъор босуръат поин рафт, ташкилоту корхонаҳои давлатӣ бо қурби 1 доллар - 5 сомонӣ маблағгузорӣ мешаванд, ки ба ин миқдор дар буҷет пешбинӣ шудааст», - қайд кард коршинос.
Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки буҷети давлатӣ низ ба мисли дигар санадҳои меъёрӣ чизи шахшуда (догма) набуда, дар ҳама гуна ҳолат ворид намудани тағйироту илова ба он имконпазир аст.
«Танҳо ба Вазорати молия ва ҳукумати Тоҷикистон барои қабули чунин қарор ирода зарур аст, ки дар ниҳояти кор ба устувор шудани иқтисод, молия ва аксари соҳаҳои иқтисод ва бахши иҷтимоии кишвар мусоидат мекунад», - афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки дар гузориши дар боло зикргардида қайд мешавад, ки семоҳаи аввали соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои буҷети давлатии Тоҷикистон ба миқдори 95,6% иҷро шуда, ҳаҷми маблағи пардохтҳои гумрукӣ дар ин давра ба андозаи 24,1% коҳиш ёфтаанд.
«Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015 бо эҳтимоли рушди назарраси иқтисод ва афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар ҳаҷми 7,2% таҳия гардида, қурби мубодилаи сомонӣ бо доллари ИМА 5 сомонӣ барои 1 доллар пешбинӣ шуда буд. Имрӯз аён аст, ки ин нишондиҳандаҳои пешбинишуда ғайривоқеъӣ мебошанд: рушди иқтисод суст шуда, ахири моҳи апрел қурби мубодилаи сомонӣ/доллар аллакай ба 6,25 сомонӣ/1 доллар расид», - таъкид месозанд муаллифони гузориш.
Таҳлилгарони олмонӣ бар ин назаранд, ки дар чунин ҳолат иҷрои буҷет дар сатҳи қаблан пешбинишуда мушкилу душвор аст.




"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста