Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-апрели соли равон каме бештар аз 1,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,8% камтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар ин давра маъмулан манфӣ ва муодили 741,4 млн. доллари ИМА шудааст. Соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 77 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 67 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар 4 моҳи соли 2015 ҳаҷми содироти мол 289,5 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ба миқдори 17% ё худ 42,1 млн. доллари ИМА  зиёдтар мебошад. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 1 млрд. 30,4 млн. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 17,5% ё худ 218,7 млн. $ камтар аст.

Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол дар 4 моҳи соли ҷорӣ Русия буда, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар бо он 358 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Қазоқистон – 215 млн. $, Чин - 142 млн. $, Туркия - 127 млн. $ ва Швейтсария – 113 млн. $-ро ташкил додааст.