Сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Аъзамшо Шарифӣ дар шаҳри Ҷидда бо раиси Бонки исломии рушд (БИР) Аҳмад Муҳаммад Алӣ мулоқот анҷом дод.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд дар заминаҳои гуногун баррасӣ гардида, ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз натиҷаҳои ҳамкории босамари бисёрсола, омодагии худро ба татбиқи лоиҳаҳои нави муҳимми зербиноӣ таъкид намуданд.
Гуфта мешавад, сафири Тоҷикистон бо назардошти аҳаммияти глобалии мавзӯи об, раиси БИР-ро бо аҳдоф ва мӯҳтавои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015 шинос намуда, ба ӯ маводди муаррифиро тақдим кард.
Зимнан зикр мегардад, ки доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ ба ҳукумати Тоҷикистон барои даъват ба Конфронси об изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки Бонки исломии рушд дар ин чорабинӣ дар сатҳи баланд иштирок хоҳад кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста