Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) бобати иқдомҳо ҷиҳати роҳандозии ислоҳот дар бахши энергетикаи ҷумҳурӣ тавофуқ ҳосил карданд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БАТР, барномаи таҷдид ба фароҳам овардани шароит барои амалисозии лоиҳаи муҳими фаромарзии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000 имкон медиҳад.
Дар маълумот қайд мешавад, ки санаи 15 май дар ҷаласаи ҳамасолаи Шӯрои мудирони БАТР ҳукумати Тоҷикистон ва БАТР Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд, ки он аз барномаи ислоҳот иборат буда, шарти пешакии маблағгузорӣ ба лоиҳа аст.
«Лоиҳае, ки дар он як қатор ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ бо шумули Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ ширкат меварзанд, аз чандин қисмат иборат хоҳад буд. БАТР имкони маблағгузории низоми интиқоли барқ дар дохили Тоҷикистонро баррасӣ дорад», - таъкид меосзанд дар бонк.
Гуфта мешавад, шарти дастрасӣ ба маблағгузории БАТР ислоҳот дар ширкати энергетикии «Барқи тоҷик»-и Тоҷикистон унвон шуда, дар доираи барномаи азнавсозӣ, ширкат қоидаҳои дастрасии ҷонибҳои сеюм ба хатти интиқоли барқро муайян мекунад ва ҳамчунин танзимгари мустақили бахши энергетика таъсис дода мешавад.
Ёддошти тафоҳум аз ҷониби мудири идоракунандаи БАТР оид ба энергетика ва захираҳои табиӣ Риккардо Пулити ва муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба имзо расид.
Дар самти дастгирии бахши энергеткаи Тоҷикистон БАТР аллакай ба хотири анҷоми корҳои таъмиру азнавсозии нерӯгоҳи Қайроққум дар ҳаҷми 75 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ намуд. Дар ин лоиҳа ташкили механизми инноватсионии таъмини устуворӣ ба тағйирёбии иқлим пешбинӣ шудааст.
Қобили зикр аст,, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи CASA-1000 , ки дар Истамбул доир гардид, рӯзи 24 апрели соли равон як қатор созишномаҳои лоиҳавӣ ба имзо расиданд.
Ёдрас мекунем, ки тибқи лоиҳаи CASA-1000 сохтмони хатти интиқоли барқи минтақавӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад.
Дар назар аст, ки нимаи аввали соли ҷорӣ паймонкори кулл барои амалисозии лоиҳа интихоб шуда, корҳои амалисозии лоиҳа бевосита моҳи июни соли равон оғоз шаванд.
Даҳаи сеюми моҳи январи соли ҷорӣ иттилоъ дода будем, ки барои маблағгузорӣ ба амалисозии қисмати Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) дар қаламрави кишвар, мақомоти Тоҷикистон сармоягузоронро дарёфт намуданд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2026
"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста