Давоми моҳҳои январ-апрели соли равон дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 3,6 млрд. сомонӣ (тақрибан 570 млн. доллари ИМА) маҳсулот истеҳсол карда шуд.
Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи таносуби нарх ба андозаи 15,2% зиёдтар аст.
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар Агентии омор ба зиёдшавии назарраси истеҳсолот дар бахшҳои коркарди чӯб ва истеҳсоли маснӯот аз чӯб, истеҳсоли коғаз, фаъолияти ноширӣ, саноати кимиё, истеҳсоли дигар маҳсулоти ғайриметаллии минералӣ, тавлиди нерӯи барқ ва ғайра нисбат медиҳанд.
Гуфта мешавад, аз 90 навъи маҳсулоти саноатии муҳим 4 моҳи соли 2015 дар 49 номгӯи он (54,4%) истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот афзоиш ва дар 25 номгӯй (27,8%) истеҳсоли он коҳиш ёфта, 16 номгӯи (17,8%) маҳсулот истеҳсол нашудаанд.
Зимнан зикр гардид, ки аз 1 ҳазору 812 корхонаи саноатии назди Агентии омор ҳисоботдиҳанда, дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ 408 корхона фаъолият надоштаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста