Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 18 май ҳайати доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони Олмонро ба ҳузур пазируфт. Ҳайати тоҷирону соҳибкорони Олмонро директори генералии Кумита оид ба иқтисодиёти шарқ Райнер Линдер роҳбарӣ мекунад, ки ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши мазкур ба Душанбе омадаанд.
Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқот масоили ҳамкории ҷонибҳо дар бахшҳои энергетика, саноату кишоварзӣ ва сайёҳӣ баррасӣ шуда, таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузории Олмон ба иқтисоли ҷумҳурӣ тамоми шароитҳои мусоидро фароҳам месозад.
«Ба доираҳои тиҷоратии Олмон таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати бофандагиву дӯзандагӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ пешниҳод шуд», - гуфт манбаъ.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста