Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» эълон кард, ки билети қатораҳо дар хатсайрҳои Душанбе – Маскав ва Хуҷанд – Маскав арзон шуд.

Аз корхонаи воҳиди «Ҳамлу нақли мусофирон»-и Идораи роҳи оҳан ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид бо раҳбарияти мақомоти роҳи оҳани кишварҳое, ки қатораҳои Тоҷикистон марзи онҳоро убур мекунанд, чунин тасмим гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, нархи билети қатораи хатсайри Душанбе – Маскав то 1 ҳазору 350 сомонӣ ва хатсайри Хуҷанд – Маскав то 1 ҳазору 280 сомонӣ кам шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки дар бораи тахфиф (кам кардани нарх) низ қарор қабул шудааст, ки мусофирони имконпазири Идораи роҳи оҳан метавонанд аз он истифода кунанд ва андозаи тахфиф ба ҷой дар вагон ва муҳлати харидани билет вобаста аст.

Масалан, зимни харидории билет ба хатсайри Душанбе – Маскав 45-31 рӯз пештар аз ба сафар баромадани қатора, ба маблағи то 580 сомонӣ аз арзиши аслии билет, 30-21 рӯз пештар – то 515 сомонӣ, 20-6 рӯз пештар – то 490 сомонӣ ва 5 рӯз пештар то сафари қатора – то 270 сомонӣ тахфиф пешбинӣ гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, барои мусофирони қатораи хатсайри Хуҷанд – Маскав тахфифҳои зерин пешбинӣ шудаанд: барои харидории билет 45-31 рӯз пештар – то 560 сомонӣ, 30-21 рӯз пештар – то 500 сомонӣ, 20-11 рӯз пештар – то 470 сомонӣ, 10-6 рӯз пештар – то 340 сомонӣ ва 5 рӯз пештар то ба роҳ баромадани қатора – то 255 сомонӣ.