Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 19 май мудири кулли Кумитаи шарқии иқтисодиёти Ҷумҳурии Федеративии Олмон профессор Райнер Линднерро, ки ҳайати соҳибкорони Олмонро барои иштирок дар Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Олмон (18 майи соли 2015) дар шаҳри Душанбе роҳбарӣ менамуд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот дар робита ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди масъалаҳои иқтисодии ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Олмон табодули назар сурат гирифт.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар робита ба самтҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ ва инчунин ҷалби сармояи олмонӣ барои рушди иқтидори мавҷудаи иқтисодӣ ва энергетикии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ва ҳавасмандии тарафайнро иброз намуданд.