Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки имрӯз, 20 май таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, аз фармонҳои президенти мамлакат аз 13 май дар бораи таъини Лола Салимова (собиқ муовини раиси «Ориёнбонк»), Умед Латифов (собиқ директори ширкати сармоягузорӣ дар ИМА ва бародари хурдии раиси ҲАТ ва вакили парлумон Рустам Латифзода) ва Сироҷиддин Икромов (собиқ муовини раиси «Амонатбонк») ба вазифаи муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ҷонибдорӣ карда шуд.
Лола Салимова дар посух ба саволҳои вакилони парлумон изҳор намуд, ки бахши бонкӣ ва иқтисоди Тоҷикистон аз омилҳои беруна хеле осебпазиранд. «Афтиши кунунии қурби арзи миллии Тоҷикистон пешгӯишаванда буд, вале мутаассифона, Бонки миллӣ ба он омода набуд», - қайд кард Салимова.
Дар навбати худ Сироҷиддин Икромов зикр кард, ки вазифаи асосии раҳбарияти нави БМТ таҳияи барномаи раҳоии пули миллӣ аз буҳрон аст. «Натиҷаҳои кори раҳбарияти нави бонк ояндаи наздик маълум хоҳанд шуд», - таъкид дошт ӯ.
Ба гуфтаи раиси БМТ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, вазифаи аввалиндараҷаи раҳбарияти нави бонк афзоиши ҳаҷми захираҳои тиллову асъори кишвар дар баробари коҳиши пули нақд дар муомилот аст.
Дар посух ба саволи раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров раиси Бонки миллӣ изҳор намуд, ки таҷрибаи Қирғизистон ҷиҳати устувор сохтани мавқеъи арзи миллӣ ба воситаи ба фурӯш гузоштани захираҳои тилло барои Тоҷикистон қобили қабул нест. «Баръакс, мо захираҳои тиллоро зиёд мекунем», - таъкид дошт ӯ.
Муовини аввали раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев низ зимни суханронӣ дар парлумон қайд кард, ки устувор шудани қурби асъори миллӣ нисбати доллари ИМА оғоз гардидааст. «Агар аввали моҳи май дар бозори сиёҳ барои 1 доллар 6 сомониву 84 дирам медоданд, пас имрӯз он ба 6 сомониву 57 дирам баробар шудааст», - гуфт Нуралиев.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста