Эҳтимоли баста шудани нақби мошингарди «Истиқлол», ки маркази ҷумҳуриро бо минтақи шимли кишвар мепайвандад, хеле ночиз аст.
Аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки барои муваққатан қатъ кардани ҳаракати нақлиёт тавассути ин нақб қарори дахлдори ҳукумат ва дастури муштараки Вазорати нақлиёт ва Вазорати корҳои дохилӣ зарур аст, ки алҳол чунин санадҳо ба имзо нарасидаанд.
Мутахассисони Вазорати нақлиёти ҶТ бар ин назаранд, ки барои комилан қатъ кардани ҳаракати нақлиёт тариқи ин нақб дар давраи иҷрои корҳои бозсозии пешбинишудаи он зарурати зиёде вуҷуд надорад.
«Бо роҳандозии иҷозаи ҳаракати навъҳои муайяни воситаҳои нақлиёт, метавон реҷаи ҳаракати автомашинаҳо тариқи нақб дар давраи корҳои бозсозиро омода намуд. Автомашинаҳои бузургҳаҷм тавассути роҳи ағбаи Анзоб ҳаракат карда метавонанд, ки айни замон дар он корҳои таъмиру тозакунии роҳ идома доранд», - гуфтанд дар Вазорат.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон низ корҳои бозсозӣ дар нақби «Истиқлол» ҷараён дошта, аммо корҳои бозсозии пурраи нақб моҳи июни соли ҷорӣ шурӯъ мешаванд.
«Барои анҷоми ин корҳо воситаҳои зарурӣ комилан мавҷуданд ва пурра ба итмом расидани корҳои бозсозии нақби мазкур моҳи ноябри ҳамин сол дар назар аст», - зикр карданд дар Вазорати нақлиёт.
Ёдрас мекунем, ки соли 2003 Тоҷикистону Эрон дар бораи идомаи сохтмони нақби «Истиқлол» созишнома ба имзо расонида, ҳаҷми маблағгузорӣ 39 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин миқдор 10 млн. $ маблағгузории бурсии ҳукумати Эрон, 7,8 млн. $ - ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва 21,2 млн. $ - қарзи ҷониби Эрон буд. Ҳарчанд маросими ба истифода додани он ҳанӯз соли 2006 доир гардида бошад ҳам, сохтмони он то ҳанӯз идома дорад.
Моҳи апрели соли гузашта ширкати эронии «Собир» корҳои бозсозии нақби «Истиқлол»-ро дубора барқарор кард.
Қаблан ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ба мувофиқа расида буданд, ки барои комилан ба анҷом расидани сохтмони нақб дар ҳаҷми 6 млн. $ иловатан маблағгузорӣ мекунанд. Ҷонибҳо уҳдадор шуда буданд, ки барои иҷрои корҳои боқимонда дар нақб ҳар кадоме 3 млн. $ маблағ ҷудо мекунанд.
Нақби «Истиқлол» дар 90 километрии шимоли Душанбе, дар роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд воқеъ буда, аз зери ағбаи баландкӯҳи Анзоб мегузарад. Масофаи нақби «Истиқлол» 5,2 километрро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста