Зимни мулоқоти директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» (ФБД) Рустам Холиқов бо директори генералии Кумитаи иқтисоди шарқии иқтисоди Олмон профессор Райнер Линднер дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши хизматгузории авиатсионӣ баррасӣ шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти ФБД дар ин робита хабар доданд, қабл аз ба ватан парвоз кардан ҳайати намояндагони Олмон, ки дар Душанбе дар кори ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Олмон дар Душанбе ишгтирок карданд, бо терминали нави фурудгоҳи пойтахт шинос шуданд.
Дар вохӯрии дар боло зикргардида ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои минбаъда дар самти хизматрасониҳои авиатсионӣ аз ҷумла оид ба нигаҳдошти муҳити зист, оид ба рафъ ва безараргардонии партовҳои истеҳсолӣ, бунёди марказҳои хизматрасонӣ дар самти ҳифзи муҳити зист дар фурудгоҳи Душанбе суҳбат карданд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Олмон, ки рӯзи 18 май дар Душанбе баргузор шуд, миёни ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» ва ширкати DPU investment GmbH-и Олмон оид ба сохтмони маркази логистикӣ дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон Ёддошт ба имзо расид.
Ширкати DPU investment GmbH-и Олмон ба таҳияи лоиҳаҳо дар бахши энергетикаи алтернативӣ ва сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия ва ҳамчунин ҷалби сармоягузориҳои байнулмилалӣ машғул аст. Аксари лоиҳаҳои ширкат дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои мустақил амалӣ шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста