Нимаи аввали моҳи май ҳамагӣ ба 3,5 ҳазор гектар замин дар Тоҷикистон кишти пунбадона муяссар гардид ва ин ҳам дар ҳолест, ки қариб дар якуним моҳи баъди оғози мавсими киштукор дар майдони 162,1 ҳазор гектар ин навъи зироат кишт шуда буд.

Тавре хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ дар ин робита иттилоъ медиҳад, то санаи 15-уми май дар майдони 165 ҳазору 650 гектар дар ҷумҳурӣ чигити пахта кишт карда шудааст, ки баробари 92,4 фоизи дурнамо мебошад. Дар саросари кишвар имсол дар маҷмӯъ дар майдони 179 ҳазору 292 гектар кишти чигити пахта дар назар аст.

Гуфта мешавад, кишоварзони вилояти Хатлон то имрӯз дар майдони зиёда аз 188 ҳазор гектар кишти пахта гузаронидаанд, ки баробари 98,4 фоизи дурнамо буда, дар вилояти Суғд дар майдони 43,8 ҳазор гектар (81 фоиз) ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ майдони 3716 гектар (72,3 фоиз) кишти пахта гузаронида шудааст.

Қобили зикр аст, ки маъмулан маъракаи кишти пунбадона дар Тоҷикистон нимаи моҳи март оғоз гардида, то нимаи моҳи май идома меёбад. Кишоварзони тоҷик имсол дар ҳаҷми тақрибан 400 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оварданианд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон пунбадона дар майдони ҳудуди 178 ҳазор гектар кишт шуда, наздики 390 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд.