Чанд рӯз қабл васоити ахбори умум дар бораи ояндаи наздик аз Эрон ба Тоҷикистон интиқол гардидани сӯзишвории дизелӣ дар ҳаҷми 500 тонна маълумот интишор карданд.
Роҳбари департаменти байнулмилалии Ширкати миллии тақсимоти маҳсулоти нафтии Эрон Исмоил Ҳашамфирӯз ба журналистон дар ин бора изҳор намудааст, ки бори нахуст аз Эрон ба Тоҷикистон сӯзишвории дизелӣ фирситода шуда, дар сурати муваффақона сурат гирифтани он, ҳаҷми таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон тадриҷан меафзояд.
Сардори Раёсати истихроҷ ва коркарди нафту гази Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ёраҳмад Бегаҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ин маълумот асоси воқеъӣ надорад.
Ба қавлӣ ӯ, дар Вазорат оид ба воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Эрон маъулмот дар даст надоранд. «Эрониҳо ваъдаҳои зиёде мекунанд, аммо маъмулан ҳамаи он дар сатҳи ният дар коғаз мемонад. Аз ин рӯ, доир ба масъалаи таҳвили маҳсулоти нафтӣ мо бо онҳо мушаххасан ҳеҷ мувофиқае надорем», - гуфт номбурда.
Бегаҳмадов зикр кард, ки қаблан бо Эрон ҷиҳати воридоти 200 ҳазор тонна нафти хом барои корхонаи коркарди «Капитал» гуфтушунид сурат гирифта буд, «аммо дар ниҳояти кор ин масъала мусбат ҳал нашуд».
Дар робита ба аз ҷониби кишварҳои Ғарб нисбати Эрон ҷорӣ шудани таҳримҳо, аз ҷумла воридоти нафт аз Эрон, намояндаи Вазорати энергетика қайд кард, ки «200 ҳазор тонна нафтро тариқи нақлиёти автомобилӣ ҳам интиқол додан имконпазир буд».
Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки «соҳибкорони ватании мо дар амалҳои худ озоданд ва агар тавонанд, бигзор бо эрониҳо оид ба таҳвили маҳсулоти нафтӣ ва воридоти он ба ҷумҳурӣ ба мувофиқа расанд».




Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста